Потенциальные опасности и их последствия в профессиональной деятельности. , нужно, в интернете ничего нет

Bearina Bearina    1   27.09.2019 14:40    0

Ответы
Lolka200Fantazii0 Lolka200Fantazii0  08.10.2020 22:51

Вазъияти сиёсии солҳои 90-уми асри 20

Оғози низои сиёси дар Тоҷикистон

Сабабҳои низои сиёсӣ дар Тоҷикистон

Фаъолияти неруҳои сиёсӣ ва парлумони кишвар дар солҳои 90-ум

Барои сар задани раванду ҳодисаҳои ҷомеа сабабҳо ва омилҳои гуногун лозим аст. Ҳеҷ ҳодисае ё чизе бе заминаи кофӣ ташаккул намеёбад ва инкишоф намеёбад. Моҷароҳои сиёсӣ низ аз ин қоида истисно нестанд.

Авали солҳои 90-уми асри 20 барои кулли кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои мудҳиш ва бӯҳронӣ буданд. Махсусан барои Тоҷикистон ин солҳо хело мудҳиш буданд.

Дар Тоҷикистон ниёзи сиёсӣ дар шакли ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад.

Сабабҳои ҷанги шаҳрванди тадқиқу таҳлили амиқро талаб мекунад.

Заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тадриҷан ташаккул меёфтанд. Мубориза байни нерӯҳои мухталифи сиёсӣ барои ҳокимият, тақсими доираи нуфуз ва эътибор вазъияти сиёсии бе ин ҳам мураккабро тезутунд мегардонид. Аз тарафи дигар корношоямии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ин ҳолат мусоидат мекард. Фаъолияти онҳоро тартиботи ҳуқуқӣ  ба низом андохта наметавонист. Ҳамчун ифодагарони манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва нерӯҳои дигари сиёсӣ, ки назария ва равияҳои мухталифро инъикос менамуданд аз воситаҳо, тарз ва усулҳои ҳархела истифода мекарданд.

Дар як муддати кӯтоҳ шаклиҳои гуногуну зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ба фаъолияти сиёсӣ пардохтанд. Дар қатори Ҳизби Коммунист ҲДТ ва ҲНИТ ба расмият шинохта шудаанд. Инчунин ҳизбҳо  ва ҳаракатҳои зиёди сиёсӣ дар ҷомеа пайдо гардиданд.

Дар ҳакиқат, фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон дар давраи аввал аз бисёр ҷиҳат  хусусиятҳои мусбӣ дошт. Аз ҷумла, таъсири онҳо дар инкишофи равандҳои ошкорбаёнӣ, демократикунонии ҳаёти иҷтимоӣ, плюрализми сиёсӣ, баланд гаштани маданияти сиёсии омма, сатҳи худшиносии миллӣ ва ғ. баръало ҳис карда мешуд. Аммо кисме аз онҳо бо гузашти муддате гӯё, ки максадҳои барномавии худро фаромӯш карда бошанд, рӯ ба фаъолияти иртиҷоӣ оварданд.

ҲНИТ дар фазои сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон заминаи васетареро соҳиб буд. Пайравони эҳтимолии он қариб дар тамоми ноҳияҳо мавҷуд буданд. Мақсади асосии ҲНИТ бунёди ҷомеаи исломӣ буд. Аммо муқобилони эҳтимолии он ҳам хеле зиёд буданд. ҲНИТ, ки аз охири солҳои 70-ум ба таври ғайрилегалӣ  амал менамуд, баҳри ба даст гирифтани ҳокимияти давлтӣ кӯшишҳои зиёде  ба харҷ дода буд. ҲНИТ, ки аз ҷиҳати таркиб хеле гуногун буд, қувваҳои мухталифро дар бар мегирифт. Аввало: на ҳамаи аъзоён ва пайравони он ба сиёсат ва фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсир расониданӣ буданд ва ба корҳои онҳо дахолат ҳам кардан намехостанд. Онҳо асосан, кӯшиши худро ба ҷоннок кардани фаъолияти динӣ: ба ҷо овардани урфу одатҳо ва маросимҳои динӣ равона намуда буданд. Дуюм: қаноати дигари ҲНИТ-ро бунёдгарон ва пайравони мазҳаби ваҳҳобия ташкил медоданд. Маҳз  онҳо ташаббускорон ва ҳимоятгарони бунёди ҷомеа дар асосҳои ислом ва шариат буданд. Онҳо аз тамоми воситаҳо ба хубӣ истифода мекарданд. Ҳамкорӣ ва алоқаҳои доимӣ бо марказҳои исломии хориҷӣ барҳақ исботи онанд, ки таҷрибаи мамлмкатҳои дигар васеъ истифода мегардад.

Дар мураккаб ва пурихтилоф гаштани вазъияти сиёсии Тоҷикистони солҳои 90-ум нақши парлумони мамлакат- Шӯрои Олӣ кам нест. Ҳайати он асосан аз амалдорони Ҳизби Коммунистӣ ва давлатӣ иборат буд. Парлумон дар фаъолияти худ ба амалҳое роҳ дод, ки ба ҷумлаи сабабҳои пурихтилоф гаштанивазъияти сиёсӣ ва оқибат ба сар задании ҷанги шаҳрвандӣ бурда расонд. Бисёре аз депутатҳое, ки  соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ ва ҷузъиёти онҳоро сарварӣ мекарданд, қобилияту фаҳмиши масъалаҳои умумиро надоштанд. Масъалаҳои умумӣ, ки ҳаллу фасли онҳо аз мавқеи парлумон бисёр вобаста буд фаҳмиши васеъ, ҷаҳонбинии тозаро талаб мекарданд. Миқдори зиёди депутатҳо ба моҳияту мазмун ва хусусиятҳои масъалаҳои муҳокимашаванда сарфаҳм намерафтанд. Умуман Шӯрои Олии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар солҳои охир, бештар хосияти бунёдкорона надошта, ваҳдати мардумро таъмин карда натавонист.

Яке аз тамоюлҳои  манфии  давраи муосир авҷ гирифтани маҳалгарои барин ҳодисаи иртиҷоӣ аст. Маҳалгароӣ дар  шароити Тоҷикистони солҳо 90-ум ҳодисаи сифатан нав ба шумор мерафт. Он ҳамчун оқибати раванду муносибатҳои байни одамон аз ҳодисаю муносибатҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеа бармеояд.

Сабаби дигари низоъи Тоҷикистон ин дар таъсири омилҳои беруна буд.

ПОКАЗАТЬ ОТВЕТЫ
Другие вопросы по теме Математика